Хабарҳо
23 феврал 2022
Қувваҳои мусаллаҳи кишвар – сипари боэътимоди Ватан
Имсол аз 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи муосири халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.