Мулоқоти Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон

23 август 2022
Санаи 23-юми августи соли 2022, дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон пас аз баргузор гардидани ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон муҳтарам Мирсоатов Алишер Қудратуллоевич баргузор гардид. Дар рафти мулоқоти дуҷониба Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» омодааст ҳамикориҳои дучонибаро дар самтҳои мухталиф аз ҷумла, маблағгузории савдо густариш диҳад. Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон муҳтарам Мирсоатов Алишер Қудратуллоевич иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимод ба ҳисоб рафта, мо омодаем, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда муҳлати созишномаҳои қарзии амалкунандаро тамдид ё созишномаи нав ба имзо расонида, ҳамкориҳоро дар ин самт бозҳам густариш диҳем.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк