Хабарҳо
Иштироки роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус
Санаи 08-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва Раиси Раёсати ҶСК «Бонки рушди Белорус» Егоров Александр Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар вилояти Суғд
Санаи 21 майи соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Рӯзи ҷавонон муборак!
Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар Бухоро.
Санаи 15 то 18 майи соли ҷорӣ Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид.